Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Шӯрои матбуот аз се нашрияи мустақил


Шӯрои матбуоти Тоҷикистон, як созмони иҷтимоии дифоъ аз озодии матбуот, дар як изҳорот дар робита ба даъвои додгоҳии се додрас алайҳи се нашрияи мустақили чопи Душанбе изҳори ташвиш ва нигаронӣ кардааст. Шӯрои матбуот мӯътақид аст, ки нашрияҳои “Азия Плюс”, ”Фараж” ва “Озодагон” дар амри табъу нашри маводи нишасти хабарии вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷӯраев тибқи қонун амал карда, меъёрҳои ахлоқи журналистиро низ поймол накардаанд.
Ду додраси Додгоҳи Олӣ ва як қозии додгоҳи Душанбе чопи ин маводро “тӯҳматомез” номида, тавассути як даъвои додгоҳӣ аз ин се нашрия 5,5 миллион сомонӣ, муодили 1,250 миллион доллар, товон хостаанд.
Тибқи як даъвои дигар, вазорати кишоварзӣ аз ҳафтаномаи мустақили “Миллат” низ барои нашри як матлаби, ба гуфтаи вазорат, “тӯҳматомез” 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG