Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Шӯрои ВАО аз парвандаи се нашрия


Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар робита ба даъвои се додрас, ки нашрияҳои «Азия-Плюс», «Фараж» ва «Озодагон»-ро ахиран бо иттиҳоми нашри матолиби тӯҳматомез ба додгоҳ кашиданд, гуфтааст, ин тасмим боиси изтироб ва нигаронии созмонҳои рӯзноманигорӣ шудааст. Дар ин изҳорот омадааст, ки «ин ҳафтаномаҳо матолиби худро дар чаҳорчӯби қонуни кишвар ва дар доираи ахлоқи рӯзноманигорӣ нашр кардаанд». Шӯрои ВАО талаби додрасҳо барои манъи фаъолияти ин се нашрия то замони ҳалли ин қазияро беасос номидааст.
Дар охири моҳи январ нашрияҳои "Азия Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" мақолаеро чоп карданд, ки гӯё ба шаъни қозиёни додгоҳ Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва Фахриддин Додоматов латма мезанад. Онҳо дар шикояти худ аз додгоҳ дархост кардаанд, ки ин нашрияҳо ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ ҷарима баста шаванд.
XS
SM
MD
LG