Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи гузориши зинда аз ҳамлаи ошӯбгарон дар Афғонистон


Хадамоти амнияти Афғонистон эълон кард, ки ҳама гуна пахши зиндаи гузориши расонаҳои хабарӣ аз ҳамлаи ошӯбгарон қатъиян манъ хоҳад буд. Ин қарор се рӯз пас аз ҳамлаи гурӯҳи толибҳо ба маркази Кобул, ки дар он 16 нафар кушта шуданд, эълон шудааст. Хадамоти амнияти Афғонистон мегӯяд, бояд ҳама гуна иттилоъ дар чунин ҳолатҳо ба хотири пешгирӣ аз расониши иттилои тактикӣ ба ошӯбгарон то поёни таҳқиқоти комил пинҳон бимонад. Маълум нест, мақомоти Афғонистон чӣ гуна ин қарори худро амалӣ хоҳанд кард. Раиси Анҷумани журналистони Афғонистон, Раҳимуллоҳ Самандар дар бораи вокуниши хабарнигорон ба ин қарор ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарор хилофи Қонуни матбуоти Афғонистон аст. Вале сухангӯи Хадамоти амнияти Афғонистон Саид Ансорӣ гуфт, журналистоне, ки ба ин қарор итоат намекунанд, муҷозот хоҳанд шуд. Вай аз ҷумла гуфт, журналистоне, ки аз чунин саҳнаҳо наворбардорӣ мекунанд, боздошт ва навори онҳо мусодира хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG