Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА интихоботи Тоҷикистонро одилона намедонад


Нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гуфтанд, дар интихоботи рӯзи якшанбеи Тоҷикистон тақаллуб ва қонуншиканӣ мушоҳида шудааст. Ба ақидаи нозирони ин созмон, бо вуҷуди ин ки интихоботи порламонии Тоҷикистон дар фазои ором баргузор шудааст, вале ин интихобот ба меъёрҳои интихоботи демократӣ мутобиқат намекард. Артис Пабрик-раҳбари дарозмуддати нозрони ин созмон гуфт, ваъдаҳои мақомот дар бораи интихоботи шаффофу одилона иҷро нашудааст:

"Ман бояд бигӯям, ки он ваъдаҳо бо иқдомоти мушаххас ҷиҳати расидагӣ ба камбудиҳои чашмгире, ки корзори тарғиботӣ ба он олуда буд, амалӣ нашуд."

Пиа Кристмас Моллер – муовини раиси Шӯрои Порлумонии Аврупо ва ҳамоҳангсози нозирони кӯтоҳмуддати интихобот, гуфтааст, аз он ки интихобот ба бисёре аз меъёрҳои аслии демократӣ мувофиқ набуд ва чунин вазъ вайро маъюс ардааст.
XS
SM
MD
LG