Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои интихоботи "олуда ба тақаллуби" Тоҷикистон


Кумиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон бо эъломи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порлумонӣ гуфт, ҳизби ҳокими халқии демократи Эмомалӣ Раҳмон тақрибан 72 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ба гуфтаи кумиссиён, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, тақрибан 8 дар сад ва Ҳизби Коммунист бештар аз 7 дар сади орои мардумро соҳиб шудаанд. Ҳамингуна бар асоси ин натиҷаҳо, дар ҳайъати порлумони оянда Ҳизби Наҳзат ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ҳам вакил хоҳанд дошт. Мирзоалӣ Болтуев – раиси кумиссиён гуфт, се ҳизби кишвар, Ҳизби Сотсиал-Демократ, Ҳизби Демократ, Ҳизби Сотсиалистӣ монеаи 5 дар садӣ барои вуруд ба порлумонро убур накарданд. Ба гуфтаи мақомот, дар интихобот 87 дар сади мардум ширкат варзидаанд. Айни замон нозирони Созмони Амният Ҳамкории Аврупо, интихоботи рӯзи якшанберо олуда ба тақаллуб ва пур аз қонуншиканӣ хонданд. Дар арзёбии муқаддамотии нозирони ин созмон омадааст, бо вуҷуди баъзе аз пешрафтҳои хурд ва дар фазои ором баргузор шудани интихобот, ин корзори сиёсии Тоҷикистон ба меъёрҳои бунёдии демократӣ мувофиқат намекард. Нозирон аз ҷумла раъйдиҳии хонаводагӣ, раъйдиҳӣ аз номи афроди дигар ва пур кардани қуттиҳои раъйдиҳиро аз қонуншиканиҳои ҷиддии рӯзи интихобот хонданд. Артис Пабрик раҳбари нозирони дарозмуддати созмон гуфт, ваъдаи мақомот барои баргузории интихоботи шаффофу одилона амалӣ нашудааст. "Ман бояд бигӯям, ки он ваъдаҳо бо иқдомоти мушаххас ҷиҳати расидагӣ ба камбудиҳои чашмгире, ки корзори тарғиботӣ ба он олуда буд, амалӣ нашуд." Пиа Кристмас Моллер – муовини раиси Шӯрои Порлумонии Аврупо ва ҳамоҳангсози нозирони кӯтоҳмуддати интихобот, гуфтааст, аз он ки интихобот ба бисёре аз меъёрҳои аслии демократӣ мувофиқ набуд, бисёр маъюс шудааст.”
XS
SM
MD
LG