Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун ҳамла ба Кобулро маҳкум кард


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун ҳамлаи Толибон ба Кобулро, ки бар асари он камаш 17 нафар, аз ҷумла хориҷиён, ба ҳалокат расида, зиёда аз 30 тани дигар захмӣ шуданд, маҳкум кард. Вай дар як изҳороти катбӣ амдан ҳадаф гирифтани мардуми осишта аз тарафи Толибонро "беэҳтиромии бераҳмона ба ҳаёти инсон" номид. Мақомоти афғон мегӯянд, тақрибан 9 нафаре, ки аз ҳамлаи худкушонаи рӯзи ҷумъа дар маркази Кобул кушта шуданд, шаҳрвандони Ҳиндустон, аз ҷумла кормандони давлатии ин кишвар будаанд. Тибқи хабарҳо як филмсози фаронсавӣ ва як дипломати итолиёӣ низ дар ин ҳамла ба ҳалокат расидаанд. Ин дувумин ҳамлаи Толибон дар соли равон аст. Дар ҳамлаи қаблии худкушонаи онҳо ба биноҳои маъмурӣ дар моҳи январ низ даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG