Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Русия аз посухҳои радди Британия


Додситонии кулли Русия аз посухҳои радди Британия барои боздошту истирдоди шаҳрвандони Русия, ки дар содир кардани ҷиноёти сангин айбдор мешаванд, нигарон аст. Муовини Додистони кулли Русия Александр Звягинтсев дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Российская газета” гуфтааст, ки ин гуна посухҳои рад ангезаи сиёсӣ доранд. Ӯ афзудааст, ки дар Британия баъзан афроде паноҳгоҳ пайдо мекунанд, ки дорои сармояи зиёданд. Солҳои ахир Британия, аз ҷумла, ба тоҷири маъруф Борис Березовский, ҳампаймони ӯ Николай Глушков ва яке аз раҳбарони ҷудоихоҳони чечен Аҳмад Закаев, бо далели он ки таъқиби ин афрод дар Русия ангезаи сиёсӣ дорад, паноҳгоҳи сиёсӣ додааст.
.
XS
SM
MD
LG