Пайвандҳои дастрасӣ

"Интер" аз болои "Челсӣ" пирӯз шуд


Шоми гузашта дар чаҳорчӯби бозиҳои ҳаштякфиналии Лигаи чемпионҳо оид ба футбол дастаи ЦСКА-и шаҳри Маскав дар майдони худ бо дастаи испании "Севиля" қувваозмоӣ кард. Ин бозӣ мусовӣ 1 : 1 поён ёфт. Дар бозии дигари Лигаи чемпионҳо "Интер" дар майдони худ аз болои "Челсӣ" бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Дар бозиҳои дигари ҳашятфиналӣ, ки қаблан доир шуда буданд, "Штутгарт" ва "Барселона" бо ҳисоби мусовӣ 1 : 1 майдонро тарк намуданд ва дастаи “Бордо” тими “Олимпиакос”-ро дар майдони худаш, яъне дар Афина, бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карда буд. Бозиҳои ҷавобӣ байни ин дастаҳо миёнаҳои моҳи оянда баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG