Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари Ҷундуллоҳи Эрон


Расонаҳои хабарии эронӣ гузориш медиҳанд, ки нирӯҳои амниятии ин кишвар раҳбари як гурӯҳи суннимазҳаби мусаллаҳро боздошт карданд, ки дар ташкили шӯришҳое дар ҷанубушарқи Эрон муттаҳам мешавад. Тибқи гузоришҳо, нирӯҳои амниятии Эрон Абдумалик Ригӣ, раҳбари гурӯҳи шӯришии Ҷундуллоҳро боздошт карданд, ки мақомоти шиамазҳаби Ҷумҳурии Исломиро барои табъйизи сунниҳои кишвар муттаҳам медонад. Матбуоти сунниҳо мегӯяд, ки Ригӣ дар хориҷа боздошт шуда баъдан ба Эрон оварда шудааст. Бовар меравад, ки ӯ дар Покистон ба даст афтодааст. Ҷундуллоҳ масъули чандин таркиши бомбгузоришуда дар минтақаи ҷанубушарқи Эрон аст, ки дар солҳои охир анҷом шуда даҳҳо кушта бар ҷой гузоштааст. Тибқи тахминҳои Теҳрон, Ҷундуллоҳ ба гурӯҳи террористии Ал-Қоида иртибот мегирад.
XS
SM
MD
LG