Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо вуҷуди нақшаи кӯмак ба Юнонро радд кард


Куммиссиюни Аврупо вуҷуди барномаи 20-25 миллиард евро кӯмаки молӣ ба иқтисоди Юнонро радд кард. Амадеу Алтафаҷ, сухангӯи Куммиссиюни Аврупо имрӯз дар посух ба гузоришиду рӯз пеши ҳафтавори олмонии "Der Spiegel" гуфт, чунин барнома рӯи даст нест, чунки “Юнон ҳатто 1 евро кӯмаки молӣ напурсидааст”. "Der Spiegel" бо истинод ба вазорати молияи Олмон дар бораи вуҷуди барномаи ёриҳои бузурги молӣ ба иқтисоди бӯҳронзадаи Юнон гузориш дода буд. Касри будҷаи Юнон ба 12,7 дарсад расидааст ва ин дар ҳолест, ки ИА ҳадди аксари касри будҷаро 3 дарсад таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG