Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори тоҷик дар Русия ба 1 миллион мерасад


Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҷамъи шаҳрвандони тоҷик дар Русияро дар ҳудуди 1 миллион нафар рақам мезанад. Константин Полторанин, раҳбари бахши равобити хориҷии ин ниҳод, ки дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфтааст, ки тайи соли гузашта 954 000 шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд. Соли гузашта наздики 4300 муҳоҷири тоҷикро аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд. Шумори тоҷикони депортшуда алакай дар моҳи январ 86 нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG