Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко аз даъвои додгоҳиаш даст мекашад


Юлия Тимошенко – нахуствазири Украина, мегӯяд, даъвои додгоҳиаш нисбат ба натиҷаҳои интихоботро пас мегирад, ки дар он Виктор Янукович раҳбари мухолифон пирӯз шуд. Вай дар додгоҳ гуфтааст, “мо шикояти худро пас мегирем”, зеро идомаи баррасии ин даъво “ҳеҷ маъние” надорад. Як мақоми додгоҳӣ ба хабагузории “Ройтерс” гуфтааст, додрасҳо дар ҳолии баррасии дархости Юлия Тимошенко ҳастанд. Ба гуфтаи Кумисиёни марказии интихоботи Украина, дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 7 –уми феврал, Виктор Янукович 3,5 дар сад раъйи бештари мардумро ба даст овардааст. Додгоҳи Украина то замони баррасии шикояти Юлия Тимошенко қарори натиҷаҳои интихоботро мутаваққиф кард. Порлумони Украина 25 февралро рӯзи адои савганди расмии раиси ҷумҳури нав таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG