Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ тахриби манзилҳоро ғайриқонунӣ номид


Додситонии ноҳияи Маскав гуфтааст, қарори шаҳрдории Маскав дар бораи тахриби манзилҳои шахсӣ дар маҳаллаи Речники ин шаҳр хилофи қонун аст. Ин манбаъ гуфтааст, бар пояи аризаи шаҳрвандон чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ оғоз ёфтааст. Мақомоти Маскав 21-уми январ бо такия ба қарори додгоҳ тахриби манзилҳоро шурӯъ карданд. Соҳибони манзилҳо мегӯянд, муҳокимаи масъала дар додгоҳ бе ширкати онҳо ҷараён ёфтааст. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дастур додааст, ки қонунмандии тахриби ин манзилҳо муайян шавад.
XS
SM
MD
LG