Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсири тағйири иқлим ба мардуми Тоҷикистон


Намояндагии созмони байнулмилалии “Оксфам” дар Душанбе гузориши тозаи худро дар бораи тағийроти иқлим ва таъсири он ба камбизоатӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ кард. Ин гузориш бештар аз 20 саҳифаро дар бар мегирад ва ба гуфтаи Эндӣ Бейкер, раҳбари намояндагии “Оксфам”, дар заминаи сӯҳбатҳои кормандони ин ниҳод бо кишоварзони минтақаҳои мухталифи кишвар дар тӯли соли 2009 таҳия шудааст. Аммо оқои Бейкер гуфт, ин намунаи ниҳоии гузориш нест ва онҳо омода ҳастанд, ки пешниҳод ва маълумоти иловагӣ аз тарафи мақомоти давлатии Тоҷикистонро дар ин замина ба гузориш ҳамроҳ кунанд. Ба таъкиди гузориш, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои фақир ба ҳисоб меояд, ки тақрибан 53 дарсад аз аҳолии ҳафт миллион нафарааш дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Ва бо вуҷуди он ки камтар аз ҳафт дарсади заминҳояш кораманд, аммо манбаъи аслии зиндагии қисмати бештари сокинон аз кишоварзӣ бастагӣ дорад. Гузориш мегӯяд, тақрибан аз се ду ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ тавассути обёрӣ ҳосил мешавад, аммо аксарияти кишоварзон аз натиҷаи хушксоливу тағйирёбии иқлим ранҷ мебаранд. Эндӣ Бейкер мегӯяд: “Тағйири иқлим метавонад аз чанд ҷиҳат ба зиндагии мардум таъсир расонад. Яке аз ин соҳаи кишоварзист. Аксари сокинони Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва хушксолӣ метавонад, ки маҳсулоти кишоварзии онҳоро камтар кунад ва маҳсулот, ки ба даст наояд, хатари мувоҷеҳ шудан ба гуруснагӣ бештар мешавад”. Ин гузориши “Оксфам” бо вуҷуди он ки аз тарафи баъзе аз коршиносон пазироӣ ёфт, вале ба танқиди бештари олимони тоҷик ва бархе аз масъулони давлатӣ рӯ ба рӯ шуд. Абдулҳамид Қаюмов, узви Академияи муҳандисии Тоҷикистон, мегӯяд, ин гузориш дар заминаи сӯҳбатҳои сокинон таҳия шудааст ва далелҳои илмӣ надорад. Вай мегӯяд, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба сокинони камбизоат ба он дарааҷе нест, ки “Оксфам” пешбинӣ ва муаррифӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG