Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хазинаи Амударё" дар осорхонаи Лондон


Як хонандаи сомонаи Озодӣ бо номи Суҳроб аксҳои ёдгориҳои "Хазинаи Амударё"-ро ба мо фиристодааст, ки дар осорхонаи Бритониё маҳфузанд ва ахиран Тоҷикистон хостори бозгардонии онҳо шудааст.

Ин хазина беш аз 170 порча ёдгории қарнҳои 5 ва 4-и то мелод, аз ҷумла ҷавоҳирот ва кӯзаву муҷассама ва дигар маҳсулоти тиллоиву нуқрагиро дарбар мегирад, ки соли 1877 дар қаламрави феълии Тоҷикистон ошкор шудааст.

Кишоварзони маҳаллӣ ин хазинаро ба тоҷирони бухороӣ ва онҳо дар навбати худ ин ганҷи бебаҳоро дар Ҳиндустон ба инглисҳо фурӯхтаанд.

Ду сол қабл раисиҷумҳури Тоҷикистон масъалаи бозгардонии бозёфтҳои таърихии мавсум ба «Хазинаи Амударё» аз Бритониё ба Тоҷикистонро дар миён гузошт. Вай гуфт, «Хазинаи Амударё» моли Тоҷикистон аст ва бояд бозпас баргардонида шавад.

Вале осорхонаи Бритониё ин талаби ҷониби Тоҷикистонро рад кардааст.

Барои дидани аксҳои "Хазинаи Ому" ишораи аксусадо дар гӯшаи саҳифаро "нохун" занед.
XS
SM
MD
LG