Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 узви ҲИӮ дар Суғд маҳкум ба зиндон шуданд


Дар вилояти Суғд 4 сокини ноҳияи Исфара барои узвият дар созмони мамнӯи "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" аз 8 то 30 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Дар ин бора Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба хабаргузории "Авесто" иттилоъ додааст. Дар миёни маҳкумшудагон Абдуҷамил Аҳмадов низ ҳаст, ки ба 30 соли зиндон маҳкум шудааст. 3 нафари дигар 15, 17 ва 8 солӣ ҳукми зиндон гирифтаанд. Ин 4 нафар моҳи октябри соли 2009 боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG