Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони молия роҳҳои наҷоти Юнонро меҷӯянд


Вазирони молияи кишварҳои ворид ба минтақаи евро имрӯз дар Брюссел мавзӯъи берун кашидани Юнон аз бӯҳрони амиқи молияву иқтисодиро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард. Соли гузашта касри буҷаи Юнон 13 дар сади маҳсулоти нохолиси дохилиро ташкил дод, дар ҳоле, ки сатҳи пойинтарини ин нишондод дар минтақаи евро ҳамагӣ 3 дар сад муқаррар шудааст.
Мушкилоти молии Юнон боиси пойн рафтани қурби евро гардид ва, аз нигоҳи иқтисоддонҳо, ба вазъи иқтисодии бархе аз кишварҳои ворид ба минтақаи евро таҳдид мекунад. Интизор меравад, ки рӯзи сешанбе ин мавзӯъ дар меҳвари нишасти густардаи вазирони молияи ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ҳам қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG