Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз азми фурӯши таслиҳот ба Эрон намегардад


Шӯрои Амнияти Русия гуфт, далеле мавҷуд нест, ки монеъи ба Эрон фурӯхтани шабакаҳои дифоъи зиддиҳавоии S-300 шавад. Владимир Назаров, ноиби дабири Шӯрои Амнияти Русия ба хабаргузории Интерфакс гуфт, “қарордоди фурӯши чунин таслиҳот имзо шудaаст ва мо бояд онро иҷро кунем.”
Ӯ афзуд, интиқоли ин таслиҳот ҳанӯз шурӯъ нашудааст, вале ин қарордод мухолифи ягон таҳримоти байналмилалӣ нест, чунки марбут ба фурӯши силоҳҳои сирф дифоъист.
Эҳтимоли ба Эрон фурӯхтани таслиҳоти дифоъи зиддиҳавоии сохти Русия мояи нигаронии Исроилу Амрико шудааст. Ҳарду аз Маскав даъват кардаанд, ин корро накунад, чунки чунин таслиҳот метавонад ба хотири дифоъи корхонаҳои ҳастаии Эрон аз ҳамлаи мумкини ҳавоӣ истифода шавад.
XS
SM
MD
LG