Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муллен нигарони авоқиби ҳамла ба Эрон аст


Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико дар бораи пайомадҳои ҳар навъ ҳамла алайҳи корхонаҳои ҳастаии Эрон изҳори нигаронӣ кард. Адмирал Муллен гуфт, ки ӯ нигарони пайомадҳои ғайриқобилипешбинии чунин ҳамла аст. Муллен, ки дар ҷараёни сафараш ба Исроил бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, афзуд, бо ин вуҷуд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ин мавзеъ, ки Эрон набояд даст ба силоҳҳои ҳастаӣ биёбад, устувор аст.
Қарор аст, адмирал Муллен дар ҷараёни силсилсафараш ба Ховари Миёна бо вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак ва дигар мақомоти низомии ин кишвар мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG