Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байден бештар нигарони вазъи Покистон будааст


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден вазъи Покистонро мояи бузургтарин нигаронӣ дар сиёсати хориҷии худ номид. Байден дар як сӯҳбат бо шабакаи CNN гуфт, вазъи Афғонистон ҳатто бештар аз Афғонистону Ироқ ва баҳси ҳастаии Эрон мояи нигаронии ӯст. Байден Покистонро қудрати ҳастаии рӯбарӯ бо хатари беназмӣ ба қалам дод, ки як бахши қобили мулоҳизаи аҳолиаш пайрави ҳаракатҳои тундрав шудааст.
Нирӯҳои Покистон алайҳи ҷангиёни толиб дар сарзаминҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон амалиёти густардаеро ба роҳ андохтаанд, вале мизони хушунат дар ин кишвар рӯз ба рӯз меафзояд.
XS
SM
MD
LG