Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ширин Ибодӣ ба Созмони Милал


Ширин Ибодӣ - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, ба Созмони Милал ҳушдор додааст, ки саркӯбии тазоҳуроти мухолифин дар рӯзи таҷлили солгарди инқилоби исломӣ метавонад, “бо фоҷиа бианҷомад”. Дар Эрон имрӯз 21 –умин солгарди Инқилоби Исломии соли 1979 таҷлил мекунанд. Ширин Ибодӣ дар номаи саркушодае ба Шӯрои Ҳуқуқи Инсони Созмони Милал навиштааст, агар тазоҳуроти мухолифин, ки интихоботи баҳсбарангези моҳи июн сабаби он шуд, аз тарафи ҳукумат саркӯб шавад, нооромиҳои афзояндаи иҷтимоӣ «сулҳу субот на танҳо дар Эрон, балки дар тамоми минтақаро” ба хатар рӯ ба рӯ кунад. Ширин Ибодӣ аз ин шӯро хостааст, муҳаққиқи хосеро барои Эрон таъйин намояд. Шӯрои Ҳуқуқи Инсони Созмони Милал, рӯзи 15 феврал масоили ҳуқуқи сиёсӣ дар Эронро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG