Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доғистон раиси ҷумҳури нав интихоб мекунад


Дар Доғистон имрӯз вакилони мардумии ҷумҳурӣ барои пазируфтани раиси ҷумҳури нав раъй медиҳанд. Ду рӯз пеш, Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия Муҳаммадсалом Муҳаммадов профессори донишгоҳро ба мақоми раиси ҷумҳури нави Доғистон пешниҳод кард. Дар сурати пазируфтани номзадиаш, Муҳаммадсалом Муҳаммадов, раиси ҷумҳури феълӣ, Муху Алиевро иваз хоҳад кард, ки давраи раёсати вай 10 рӯз баъд ба поён мерасад. Доғистони воқеъ дар Қафқози Шимолӣ солҳои ахир шоҳиди нооромиву хушунатҳои парокандае шудааст. Дмитрий Медведев хушунатҳо дар ин минтақаро бузургтарин мушкили дохилии Русия номидааст.
XS
SM
MD
LG