Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози машвараҳои Амрикову Тоҷикистон дар Вошингтон


Тибқи хабари дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз дар Вошингтон машваратҳои сисёсии Тоҷикистону Амрико оғоз мешавад. Ин машваратҳо 2 рӯз давом мекунад. Сарпарастии ин ҳайатро Ҳамроҳхон Зарифӣ- вазири умури хориҷа бар ӯҳда дорад ва дар ин ҳайат муовини аввали вазири энержӣ ва саноат, раиси Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон низ ҳастанд. Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои энержӣ, амният ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG