Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Зарифӣ бо сафири нави ИА


Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ сафири ҷадиди ИА дар Душанбе Эдвард Ауэрро ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Озода Раҳмонова ва ноиби раиси намояндагии ИА дар Тоҷикистон Шарлотта Адриан низ ширкат доштаанд. Шарлотта Адриан гуфтааст, ки ИА тайи 3 соли оянда ба манзури иҷрои бахшҳои иҷтимоии будҷа ба Тоҷикистон 17,5 миллион евро ҷудо мекунад.
Ин созмони аврупоӣ қаблан эълон карда буд, ки барои сохтани нирӯгоҳҳои хурд ва бозсозии нирӯгоҳи Қайроқум 60 миллион евро ихтисос хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG