Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар бомбгузориҳои Карочӣ


Бар асари таркиши ду бомб дар шаҳри Карочии Покистон, рӯзи ҷумъа дасти кам 20 нафар кушта шуданд. Бомби дуввум дар назди шифохонае таркид, ки дар он осебдидагони инфиҷори аввалро табобат мекарданд. Дар ин бомбгузорӣ ба гуфтаи пулис, тақрибан даҳ нафар ҷон додаанд. Дар бомбгузории қаблӣ, ки автобуси зойирони шиъамазҳабро ҳадаф гирифта буд, 11 нафар кушта ва 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштӣ, дар миёни қурбониён занону кӯдакони зиёде ҳам будаанд. Баъди оғози амалиёти васеъмиқёси низомӣ алайҳи Толибон дар шимолу ғарби Покистон, ин кишвар ҳафтаҳои ахир шоҳиди авҷ гирифтани ҳамлаҳо аз тарафи ифротгароёни исломӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG