Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии CPJ аз амалкарди додрасҳои Тоҷикистон


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз додрасҳои Тоҷикистон хостааст, то аз шикояти додгоҳии худ алайҳи се ҳафтаномаи мустақил даст кашанд. Ин созмони ҳомии матбуот, ки дар шаҳри Ню Йорк қароргоҳ дорад, бо нигаронӣ аз шикояти додгоҳӣ алайҳи ҳафтаномаҳои “Азия Плюс”, “Озодагон” ва “Фараж” гуфтааст, дархости садҳо ҳазор доллар ҷуброни маънавӣ ин рӯзномаҳоро аз байн хоҳад бурд. Ду додраси Додгоҳи Олӣ ва як додраси шаҳри Душанбе ин се ҳафтаномаро баъди нашри баёнияи Солеҳҷон Ҷӯраев - вакили дифоъ, ба додгоҳ кашиданд, ки мегуфт, додрасҳои тоҷик дар судури ҳукм беадолатӣ мекунанд. Нина Огнианова – намояндаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, амалкарди додрасҳоро як паёми ваҳшатнок ба матбуоти мустақили Тоҷикистон хондааст.
XS
SM
MD
LG