Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши вазирони дифоъи НАТО дар Туркия


Вазирони дифоъи НАТО имрӯз дар шаҳри Истанбул ҷамъ омада шеваҳои аз роҳҳои омӯзиш тақвият додани артиши миллӣ ва пулиси Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли ин паймони низомӣ, ҳушдор додааст, ки пулиси Афғонистон бисёр камтаҷриба аст ва Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба бештар аз 100 гурӯҳи мураббиён ниёз доранд. Танҳо дар сурати тавонманд ва соҳибтаҷриба шудани нерӯҳои Афғонистон, бештар аз 110 ҳазор сарбози хориҷӣ, ки ба зидди Толибону ҷангҷӯёни шарики Ал-Қоида меҷанганд, метавонанд, ба тарки Афғонистон шурӯъ намоянд. Вазирони дифоъи кишварҳои дорои сарбоӯ дар Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон рӯзи ҷумъа ба ҳамтоёни худ аз НАТО мепайванданд.
XS
SM
MD
LG