Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Мирзиёевро ҳукумати Тоҷикистон меомӯзад


Шавкат Мирзиёев-нахуствазири Ӯзбекистон зимни номае аз Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун кумиссиюни мустақил санҷиш анҷом диҳад. Ин нома дар шумораи дирӯзи рӯзномаи "Правда Востока" ба нашр расидааст. Вай дар номаи худ гуфтааст, ин санҷиш барои он бояд баргузор шавад, ки тарҳи сохтмони ниругоҳ 40 соли пеш таҳия шуда буд ва ҳоло кӯҳна шудааст. Ӯзбекистон дар гузаштаҳо низ аз шеваи сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун шикоят карда буд ва ин масъаларо то ба СММ кашонд. Вале Тоҷикистон сохтмони ниругоҳро зарурати дараҷаи аввали таъмини аҳолии кишвар бо нируи барқ медонад. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, номаи нахуствазири Ӯзбекистон дар ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ ва омӯхта мешавад.
XS
SM
MD
LG