Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон уранашро барои ғанисозӣ ба хориҷ мефиристад


Эрон мегӯяд, ки омода аст, урани худро барои ғанисозӣ ба хориҷ бифиристад, он гуна, ки СММ тақозо кардааст. Маҳмуди Аҳмадинежод ин нуктаро зимни суханони худ тавассути телевизиони давлатии кишвараш изҳор доштааст. Вай гуфтааст, ки Эрон ҳеҷ душвориеро намебинад, ки урани худро ба Ғарб бифиристад ва бо гузашти чанд моҳ ва баъд аз 20 дарсад ғанӣ шудан онро дубора бигирад. Ин тасмим тағироти муҳим дар мавзеъгириҳои Эрон мебошад. Дар давоми чанд моҳи гузашта мақомоти Эрон ҳамеша аз ин пешниҳод интиқод мекарданд ва роҳҳои дигари алтернативиро ироа медоштанд.
XS
SM
MD
LG