Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 13 тан аз зойирон дар Бағдод


Бар асари як инфиҷор дар шимолу шарқи Бағдод дасти кам 13 тан аз зойирони шиамазҳаб кушта ва тақрибан 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Бархе хабаргузориҳо навиштанд, ки ин ҳамлаи маргталабона аз сӯи як зан сурат гирифтааст. Ба иттилои расмӣ, таркиш дар ҳоле рух дод, ки ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехта барои оғози раҳпаймоӣ сӯи шаҳри муқаддаси Карбало омодагӣ мегирифтанд.
XS
SM
MD
LG