Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғоратгари хабарнигори қирғиз ба зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон, як мардро ба ҳамла ва захмӣ кардани як наворбардори телевизион гунаҳкор дониста ва ба се соли шартии зиндон маҳкум кард. Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Марат Мавлоновро ба “латукӯб ва ғорати” Баҳодур Кенҷабоев –наворбардори телевизиони Ӯш – ТВ дар моҳи март гунаҳор донистанд, вале аз толори додгоҳ раҳо карданд. Наворбардори телевизионро бо ҷароҳатҳои вазнини аз ҷумла сараш ба бемористон интиқол дода буданд. Ҳамкоронаш мегӯянд, ҳамла ба Баҳодур Кенҷабоев ангезаҳои сиёсӣ дошт ва додгоҳ қазияро “сарсарӣ ва номуносиб” баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG