Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози ҷамоаи чаҳор миллион нафар дар Бангладеш


Имрӯз чаҳор миллион нафар аз мусулмонони Бангладеш дар наздикии пойтахт шаҳри Дака намоз гузоштанд, ки баъд аз маросими Ҳаҷ, бузургтарин ҳамоиши исломӣ маҳсуб мешавад. Ҳамоиши серӯзаи Бишва Иҷтимоъ, ё Ҷамоати Мусулмонони Ҷаҳон имрӯз баъди намози ҷамоъате ба поён расид, ки миллионҳо нафар ҳузур доштанд. Эътиқодмандон тамоми роҳу, майдонҳо ва боми хонаҳоро банд карда ва намоз мегузоштанд. Ин мавъизахонӣ, ки бори аввал соли 1960 дар канораи рӯди Тураҷ дар Бангладеш баргузор шуд, аз тарафи Ҷамоати Таблиғ гурӯҳи ғайрисиёсии мазҳабие раҳандозӣ шудааст, ки мардумро ба пайравӣ аз фармудаҳои Ислом дар зиндагии рӯзмарраи худ даъват мекунад.
XS
SM
MD
LG