Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти милисаи рус, мунаққиди Ютюб-ӣ


Мақомоти Русия собиқ корманди милисаро, ки бо нашри паёми видеоияш дар Ютюб дар бораи фасодзадагии полис шӯҳрати байнулмилалӣ пайдо кард, ба ҳабс гирифтаанд. Додситонии Русия мегӯяд, Алексей Димовский ба қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор мешавад. Худи Димовский гуфт, ин иттиҳомот зидди ӯ сохта ва тақаллубиянд. Моҳи ноябри соли гузашта, Димовский дар паёми видеоии худ дар Ютюб аз сарвазир Владимир Путин даъват кард, бо фасод дар Новороссийск мубориза барад. Вай раҳбарони милисаи Новороссийскро дар фишор ба кормандон барои таъқиби афроди бегуноҳ айбдор кард. Ин видео зиёда аз 1 миллион бор тамошо шудааст.
XS
SM
MD
LG