Пайвандҳои дастрасӣ

Таассуфи Русия аз сарпечии Эрон


Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, мегӯяд, кишвараш дар таассуф аст, ки Эрон зоҳиран аз созиши пешниҳодии Созмони Милал дар мавриди табдили сӯхти ҳастаӣ сарпечӣ мекунад. Дар мулоқот бо хабарнигорон дар Маскав, Лавров гуфт, Эрон бояд дар баробари нигарониҳиои ҳастаии Ғарб ҳушмандона амал кунад. Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он нигаронанд, ки талошҳои Эрон ба бунёди силоҳи ҳастаӣ равона шудаанд. Лавров афзуд, муҷозоти Эрон ва ё бархӯрди ҳамлаварона ба он лузуман самарабахш нахоҳад буд. Вай гуфт, ҳоло Созмони Милал метавонад, масъалаи таҳримҳои нави зидди Эронро баррасӣ кунад, вале нишон надод, ки Русия аз онҳо пуштибонӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG