Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти вазири дифои Амрико дар сафари Покистон


Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, ба низомиёни Покистон гуфт, ҷанг бо тундравон дар масири марзи Покистону Афғонистон ба манфиати Покистон ва Амрикост. Дар сӯҳбатҳояш дар Донишгоҳи ҳарбии Покистон дар Исломобод, Гейтс гуфт, қатъи равобити ҳарбии Амрико бо Покистон дар солҳои 1990 як иштибоҳи бади стратегӣ буд, ки ба "камбуди эътимод" байним ду кишвар сабаб гашт. Ҳамзамон вай афзуд, Амрико ҳадафи надорад дар Покистон пойгоҳи ҳарбӣ таъсис диҳад ва ё силоҳи ҳастаии Покистонро назорат кунад.
XS
SM
MD
LG