Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1275 мавриди нави сил дар минтақаи Кӯлоб


Тайи соли 2009 дар навоҳии минтақаи Кӯлоб 1275 мавриди ҷадиди гирифторӣ ба бемории сил сабт шудааст. Соли гузашта дар ин минтақа бар асари маризии сил 78 нафар вафот кардаанд. Мирзоалӣ Миралиев, масъули идораи вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб гуфтааст, дар навоҳии ин минтақа 220 манбаъи сирояти бемории сол боқӣ мемонад.
Бештари гирифторон ба ин маризӣ дар ноҳияи Восеъ сабт шудаанд. Феълан дар ин ноҳия бунёди як бемористони вижаи маризони сил идома доштааст.
XS
SM
MD
LG