Пайвандҳои дастрасӣ

Маъракаи таблиғи номзадҳои интихоботӣ шурӯъ шуд


Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсии кишвар расман иҷоза дод, ки ба таблиғ ва ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии худ шурӯъ кунанд. Ҳамакнун аҳзоб ва номзадҳои мустақил метавонанд ба таври ройгон аз радио, телевизион ва нашрияҳои расмии кишвар истифода баранд. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон метавонанд аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ним соат ва аз тариқи радиои ҷумҳурӣ 15 дақиқа ройгон истифода баранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишвар реҷаи маҳдуди интиқоли нерӯи барқ ҷорист ва на ҳама сокинон имкони аз телевизион ва радиои ҷумҳурӣ саривақт бохабар шудан аз таҳаввулоти интихоботиро доранд ва ин яке аз масъалаҳои аслии мавриди нигаронии ҳизбҳои мухолифин шудааст. Ҳамчунин барои чопи варақа ва маводи дигари интихоботӣ аз қабили плакатҳо, аксҳо ва наворҳо аз ҳисоби буҷаи кишвар барои аҳзоб шаш ҳазор сомонӣ ва барои номзадҳои мустақил як ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Бар тибқи гузориши Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, то имрӯз аз тариқи феҳрастҳои ҳизбӣ исми 73 номзади аҳзоби сиёсӣ ва аз ҳавзаҳои инфиродӣ 146 номзад сабти ном шудааст. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG