Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи дилхоҳи ҳукумати Тоҷикистон


Порлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи чаҳорҷониба бо Афғонистону Покистон ва Қирғизистонро тасвиб кард, ки бунёди як шабакаи баландшиддати интиқоли барқро дар назар дорад. Қарор аст, хати 1000 мегаватӣ, нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Покистони ташна ва Афғонистони мӯҳтоҷи нерӯи барқ интиқол бидиҳад. Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико гуфтаанд, ки ҳозиранд, барои иҷрои ин тарҳи 500 миллиондолларӣ сармоя гузоранд. Тоҷикистон, солҳост, ки орзуи интиқоли нерӯи барқ ба Покистонро дар сар мепарварид, аммо бинобар камбизоатӣ ва надоштани сармоя барои бунёди нерӯгоҳи Роғун натавонистааст, ин орзуяшро амалӣ созад.
XS
SM
MD
LG