Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи Туркия доир ба боздошти аъзои Ал-қоида


Бино ба гузориши хабаргузории нимарасмии “Анатолия”- и Туркия, маъмурони амниятӣ, 13 нафар муттаҳам ба узвият дар созмони “Ал-қоида”-ро боздошт кардаанд. Яке аз боздоштшудагон дар ҷараёни амалиёти махсусро раҳбари як гурӯҳи ифротгарои исломӣ дар Туркия медонанд. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, дар ҷараёни амалиёти рӯзи сешанбе 19 январ аз маҳалли иқомати боздоштшудагон аслиҳа, санадҳои тақаллубӣ ва абзори лозим барои сохтани бомб кашфу забт шудааст. Пеш аз ин амалиёт дар Анқара, маъмурони амниятии Туркия, дар шаҳри Адана низ 20 нафар аъзои мазнуни Ал-қоидаро дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG