Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷассамаи тиллоии Туркманбошӣ Ашқободро тарк мегӯяд


Бузургтарин маҷмааи ёдгории маркази Ашқобод – Арка ё Тоҷи муқавваси бетарафӣ, ки 75 метр баландӣ дошта дар байни он муҷассамаи тиллоии раисиҷумҳури пешини кишвар Сафармурод Ниёзов ҷойгир аст, аз миён бардошта хоҳад шуд. Ин маҷмааи ёдгорӣ замони қудрати Сафармурод Ниёзов ё Туркманбошӣ бунёд шуда буд ва тавассути механизми хоса муҷассамаи раисиҷумҳури пешин ҳамеша рӯ сӯи офтоб мегардонд.
Тасмим дар бораи аз байн бардоштани маҷмааи ёдгорӣ аз сӯи раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гирифта шуд. Ӯ ҳамчунин амр кард, ки дар ҷануби пойтахт муҷассамаи дигар – Муҷассамаи истиқлол бунёд карда шавад.
XS
SM
MD
LG