Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "таблиғӣ"-ҳо дар Қурғонтеппа боздошта шуд


Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа расидагӣ ба парвандаи 36 нафар узви гурӯҳи "Таблиғ"-и Тоҷикистонро муваққатан боздоштааст. Додгоҳ ба матбуот гуфтааст, сабаби чунин тасмим ба хидмати аскарӣ сафарбар шудани яке аз муттаҳамон будааст. Расидагӣ ба парвандаи ин гурӯҳи 36-нафарии узви "Таблиғ" моҳи декабри соли гузашта дар додгоҳи Қурғонтеппа шуруъ шуда буд. Ҳафтае пеш низ яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе расидагӣ ба парвандаи гурӯҳи бузургтари таблиғиҳо, яъне як гурӯҳи 56-нафариро оғоз карда буд ва он дар миёни шахсиятҳои мазҳабии Тоҷикистон вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Ҷамъияти "Таблиғ" дар Тоҷикистон аз созмонҳои ифротгаро ва ғайриқонунӣ шинохта шудааст ва қонуниҳои ин кишвар фаъолияти онро дар Тоҷикистон мамнӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG