Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз як гумонбари куштори Алишер Соҳибов


Дар Тоҷикистон боз як гумонбар дар куштори хабарнигори узбактабори қирғиз Алишер Соҳибов дастгир шуд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Қирғизистон, бар асари талошҳои муштарак бо мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд, дирӯз сокини шаҳри Хуҷанд Фаррух Шораҳматуллоев боздошт гардид. Сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд Абдуфарид Расулов дар ҷараёни тафтишот изҳор намуд, туфангчаи Макаров, ки кормандони милиса аз ҷайбаш пайдо карданд, дар асл ба сокини шаҳри Хуҷанл Фаррух Шораҳматуллоев тааллуқ дорад. Тафтишот собит кардааст, ки хабарнигори қирғиз Алишер Соҳибов аз тири ҳамин туфангча кушта шудааст.
Вазорати умури дохилаи Қирғизистон изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик Фаррух Шораҳматуллоев ба Бишкек истирдод хоҳад шуд. Хабарнигори мустақил Алишер Соҳибов 24 октябри соли 2007 дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳадафи тир қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG