Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафҳои Қазоқистон зимни раёсаташ дар САҲА


Ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, рушди арзишҳои демократӣ ва таҳкими амнияти ҷаҳонӣ аз дастурҳои аслии раёсаташ дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хоҳад буд. Ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои доимии созмони мазкур, ки 56 аъзо дорад, Қанот Савдобоев – вазири умури хориҷа, гуфт, Қазоқистон ин корро аз худи кишвар шурӯъ мекунад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки бинобар собиқаи нақзи ҳуқуқи инсон, Қазоқистон шоистаи раҳбарӣ дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо нест. Қанот Савдобоев ҳамчунин гуфт, Қазоқистон ҳамчунин зимни раёсаташ ба масоили Афғонистон ва “таҳкими амният аз Ванкувер то ба Владивосток” таваҷҷӯҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG