Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зилзилаи Ҳаитӣ 3 миллион нафар осеб дидаанд


Салиби Сурхи байналмиллалӣ мегӯяд, мумкин аст аз зилзилаи шадиди рӯзи сешанбе дар Ҳаитӣ наздик ба 3 миллион нафар осеб дида бошанд. Салиби Сурх ва ожонсиҳои СММ мегӯянд, онҳо талош доранд хисороти ин зилзила ва шумораи талафоти ҷониро маълум кунанд, зеро сохтмонҳо сахт осеб дидаанд ва шабакаҳои хадамоти раҳоишӣ хароб шудаанд. Сухангӯи Салиби Сурх мегӯяд, ки дар Порто Принтс-пойтахти Ҳаитӣ, ки 1 миллиону 200 ҳазор нафар аҳолӣ ба сар мебарад, харобиҳои зиёд ба бор омадааст. СММ мегӯяд, то ҳол чанд нафар аз кормандони ин созмон, аз ҷумла раҳбари намояндагиро пайдо накардаанд. Баъд аз зилзилаи рӯзи сешанбе ду дафъаи дигар замин ларзидааст. Амрикову Фаронса ва кишварҳои Амрикои Лотин эълон кардаанд, ки гурӯҳҳои наҷот ва кӯмакҳои заруриро ба Ҳаитӣ мефиристанд. Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфт:

"Мо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пурра кӯмаки худро ба Ҳаитӣ ва дигарон дар минтақа пешниҳод мекунем. Мо барои рафъи харобиҳо ҳам кӯмакҳои башарӣ ва ҳам кӯмакҳои низомӣ омода мекунем. Мардуми мо ба ононе, ки аъзои хонаводаи худро аз даст додаанд, дуо мефиристанд".

Ҳаитӣ тақрибан 9 миллион нафар аҳолӣ дорад ва аз кишварҳои нодор ба шумор меравад. Дар ду қарни гузашта дар Ҳаитӣ зилзилае ба шиддати 7 дараҷаи ҷадвали Рихтер рух надодааст.
XS
SM
MD
LG