Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати олими эронӣ аз таркише дар Теҳрон


Саҳнаи таркиши бомб ва ҳалокати профессор Муҳаммадӣ дар Теҳрон.
Саҳнаи таркиши бомб ва ҳалокати профессор Муҳаммадӣ дар Теҳрон.

Донишманди маъруфи эронӣ Масъудалӣ Муҳаммадӣ бар асари таркиши мотосикл дар канори манзилаш ба ҳалокат расид.

Ба иттилои телевизиони инглисзабони Press TV, таркиш дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки Масъудалӣ Муҳаммадӣ аз манзилаш берун шуда, сӯи коргоҳ мерафт.

Мақомот гуфтаанд, ки донишманди маъруф ва устоди Донишгоҳи Теҳрон аз таркиши мотосикли ҳомили маводи мунфаҷира ба ҳалокат расидааст. Телевизиони Press TV Масъудалӣ Муҳаммадиро чун “донишманди маъруфи физикаи ҳастаӣ” ва “сарсупурдаи инқилоби исломӣ” муаррифӣ кард.

Дар наворҳои телевизионӣ кӯчабоғи олудаи хун ва тирезаҳои дарҳам рехтаи манзиле, ки дар канори хонаи профессор Муҳаммадӣ дар маҳаллаи Қайтарияи Теҳрон ҷойгир аст, сабт шудааст.

Хабаргузории ISNA бо такя ба гуфтаҳои муовини раиси полиси вилояти Теҳрон Сафаралӣ Баротлой навиштааст, ки бар асари таркиш фақат Масъудалӣ Муҳаммадӣ ба ҳалокат расидаасту халос. Тибқи ҳамин хабар, додситонии Теҳрон Аббос Ҷафъари Давлатободӣ гуфтааст, ки дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз гумонбаре боздошт нашудааст. Ҳамчунин нафаре ва ё гурӯҳи масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Ва аммо дар ҳамин ҳол мақомоти Эрон аллакай ангушти иттиҳом сӯи кишварҳои ғарбӣ кардаанд. Телевизиони давлатии Эрон изҳороти Вазорати умури хориҷии кишварро қироат кард, ки тибқи он дар куштори донишманди маъруф “режими саҳюнистиву Амрико ва зархаридони онҳо” даст доранд.

Дар ахбори расонаҳо дар мавриди он ки Муҳаммадӣ бо барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон рабте дорад ё на, чизе гуфта нашудааст. Кишварҳои ғарбӣ Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд ва аммо мақомоти Эрон ин иддаоро пайваста рад мекунанд.

Тақрибан ним сол пеш, дигар донишманди шинохтаи бахши физикаи ҳастаии Эрон Шаҳром Амирӣ ҳангоми зиёрати Макка ба таври асроромез ғайб зад. Дар маҳофили Теҳрон ҳадс зада мешавад, ки ӯ иттилои сиррӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эронро дар ихтиёри кишварҳои ғарбӣ гузошта ва аз бозгашт ба ватан худдорӣ кардааст.

Моҳи декабр Теҳрон мақомоти Арабистони саудиро дар он муттаҳам намуд, ки Амириро боздошт ва ба ИМА таслим кардаанд.

Ҳамла ба донишманди маъруф Масъудалӣ Муҳаммадӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки вазъи дохилии Эрон - нооромтарин баъд аз ҳаводиси инқилоби исломии соли 1979 маҳсуб мешавад. Вазъ дар кишвар баъд аз эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи июни соли гузашта муташанниҷ шуд – мухолифин мақомотро дар тақаллуби натоиҷи раъйдиҳӣ муттаҳам карданд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Радиои Фардо, ному насаби Масъудалӣ Муҳаммадӣ пеш аз интихобот дар торномаи устодони донишгоҳи пуштибон аз Мирҳусейни Мӯсавӣ пайдо шуда буд. 420 тан аз устодони донишгоҳи Теҳрон, аз ҷумла, Муҳаммадӣ, ду рӯз қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ, зери як номаи пуштибонӣ аз Мӯсавӣ имзо гузошта буданд.
XS
SM
MD
LG