Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони исломӣ дар Британия мамнӯъ эълон мешавад


Шурӯъ аз 14 январ дар Британия фаъолияти созмони Islam for UK ё "Ислом барои Шоҳигарии муттаҳида" мамнӯъ хоҳад буд. Ба иттилоъи расмӣ, ин тасмими мақомот ба хотири “ҷилавгирӣ аз амалҳои террористӣ” гирифта шудааст ва бо нияти ин созмон барои баргузории раҳпаймоии зиддиҷангӣ дар шаҳри Вутон-Бассет бастагӣ дорад. Дар ин шаҳр ба сарбозони британиявии дар Афғонистон ба ҳалокатрасида арҷ гузошта мешавад.
Баъди манъи фаъолияти Islam for UK узвият дар ин созмон ҷиноят маҳсуб хоҳад шуд. Умар Бакрӣ Муҳаммад, раҳбари ин созмони мустақар дар Лубнон, ҳушдор дод, ки дар посух ба тасмими мақомоти Британия аъзои гурӯҳ даст ба хушунат хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG