Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарифӣ ба раҳоии вагонҳо изҳори умедворӣ кард


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, умедвор аст, ки мақомоти Узбакистон дар наздиктарин фурсат тақрибан ҳазор вагон бо маводи озуқа ва масолеҳи сохтмонӣ барои Тоҷикистонро раҳо хоҳад кард. Ин вагонҳо бо молу мавод аз Русияву Эрон чанд ҳафта боз дар қаламрави Узбакистон нигаҳ дошта мешаванд. Тоҷири тоҷик Шералӣ Муқимов гуфт, ки ҳанӯз моҳи ноябр барои ширкати ӯ аз Эрон 76 вагон семент ва масолеҳи сохтмонӣ интиқол додаанд ва тайи ин муддат як қисми он шояд зери барфу борон вайрон шудааст.
Аз ин пеш моҳи сентябри соли гузашта тақрибан 200 вагон бо маводи озуқа ва масолеҳи бинокорӣ барои Тоҷикистон бидуни ташреҳи расмӣ дар қаламрави Узбакистон боз дошта шуд. Он замон муовини раиси гумруки Узбакистон Бахтиёр Ҳакимов гуфта буд, ки ин "як мушкили кучаки техникист ва ба зудӣ ҳал мешавад". Ва аммо дар робита ба вагонҳое, ки чанд ҳафта боз дар хоки Узбакистон нигаҳ дошта мешаванд, мақомоти Узбакистон то ҳол ягон иттилоъи расмӣ пахш накардаанд.
XS
SM
MD
LG