Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сонсури интернетӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст


Бино ба иттилои хабаргузории Ройтерз, дар остонаи интихоботи порламонии Тоҷикистон сонсури сафҳаҳои интернетӣ ҷорӣ шудааст. Бино ба хабари ин манбаъ, ҳукумат аз пешниҳодкунандагони хадамоти интернетӣ хостааст, сафҳаҳое, ки аз раиси ҷумҳур интиқод мекунанд ва бидуни сонсур "майдони баҳс"-и худро дар ихтиёри хонандагон мегузоранд, баста шаванд. Ширкати Телеком Текнолоҷӣ гуфтааст, бино ба ин дархост, сафҳаи интернетии centrasia.ru дар Тоҷикистон ҳоло дастраси хонандагон нест.
XS
SM
MD
LG