Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Хорватия


Имрӯз дар Хорватия даври дуввум ва ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурӣ идома дорад. Бар асоси назарсанҷиҳои қаблӣ, профессори ҳуқуқ ва оҳангсоз Иво Йосипович, ки дар даври аввал мақоми аввалро касб карда буд, ҳамчунон пешсаф аст.
Йосипович, ки ваъдаи мубориза бо фасодро додааст, дар даври дуввум бо шаҳрдори Загреб, пойтахти Хорватия Милан Бандич рақобат мекунад. Барандаи ин давр, ки дар мақоми раҳбарии Хорватия Стипе Месичро иваз хоҳад кард, нафаре хоҳад шуд, ки Хорватия дар аҳди ӯ ба узвияти ИА хоҳад пайваст.
XS
SM
MD
LG