Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсоягии Тоҷикистон бо Чаду Кения ва Тувалу


Як таҳқиқоти байналмилалӣ ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ба ҳар сари аҳолии ин кишвар 1600 доллар баровард кардааст. Тоҷикистон аз ин нигоҳ ҳамсанги кишварҳои африқоие, ба мисли Сенегалу Чаду Кения ва Тувалу дониста шудааст.
Баландтарин нишондиҳанда – 118 000 доллар ба ҳар сари аҳолиро ин таҳқиқот ба кишвари аврупоии Лихтенштейн ва пойинтарин мақомро ба кишвари африқоии Зимбабве додааст, ки ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти миллиаш ба ҳар сари аҳолӣ танҳо 200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Қатар бо 85 600 доллар даромад ба ҳар сари ҷамъияташ дар ин раддабандӣ дар мақоми дуввум қарор дошта, беҳтарин мақомро аз миёни кишварҳои шӯравии собиқ Латвия бо 16 300 доллар ба ҳар сари аҳолиаш дорад.
Вале ин таҳқиқот бар пояи омори соли 2008 аст, ки бӯҳрони молӣ ҳанӯз аз гиребони ҷаҳон сахт нагирифта буд.
XS
SM
MD
LG